Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 249-солагии Истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайатҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ паёмҳои аҳамияти ҳамкории байни ду кишвар ва пешрафт дар равобити дипломатӣ шунида шуд.
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер таъкид намуд, ки ин санаи таърихӣ на танҳо барои мардуми кишвараш, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузоранд, муҳим мебошад.
«Мо дар ин рӯз арзишҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон ва демократияро гиромӣ медорем ва онҳо арзишҳое мебошанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тӯли таърихи мавҷудияти худ аз онҳо пуштибонӣ намудааст», — иброз дошт Мануэл Микаллер .
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ ва мусиқии гуногун, намоишҳои таърихӣ ва мазмунҳои ҳунарии муаррифгари равобити дӯстонаи Тоҷикистону Амрико идома ёфт. Дар доираи таҷлили рӯзи истиқлолияти Амрико ҳамчунин намоишгоҳ баргузор гардид, ки ба рамзҳои миллӣ ва фарҳангии Иёлоти Муттаҳида, инчунин ҷанбаҳои таърихии истиқлолияти он бахшида шуда буд.
Ҳамзамон иштирокдорон дар мавриди дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида дар бахшҳои иқтисод, маориф, рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табодули афкор намуданд.
Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими муносиботи дуҷониба ва муаррифии фарҳангу суннатҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






