Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 иншооти нави таълимӣ, аз ҷумла 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2007 то имрӯз 3394 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардиданд. Танҳо дар соли 2025 ин рақам 123 нафарро ташкил дод.
Маориф самти афзалиятноки давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф якчанд барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ қабул гардид.
Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд






