Дар Хоруғ, Шуғнон ва Мурғоб оид ба баррасии масоили гуногуни ҳуқуқи инсон вохӯриҳо доир гардиданд

Июль 26, 2025 11:15

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 25 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинон вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани масоили аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд вобаста ба масоили рӯзмарра тартиби қабули шаҳрвандонро ба роҳ монад.

Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон ва Мурғоб дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шаҳрвандон қабул карда шуданд.

Сокинони ноҳияҳо бештар бо масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, баҳсҳои оилавӣ ва тақсими молу мулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон ва ҳуқуқ ба таҳсил муроҷиат намуданд. Масъулин ба шахсони муроҷиаткарда машварат ва тавсияҳо доданд.

Мақсад аз вохӯриҳо – иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвият ва таҳким бахшидани ҳамкории манфиатовар бо сохторҳои маҳаллӣ дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ташвиқу тарғиби дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар ҷодаи таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани масоили аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон мебошад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2025 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд