Дар Хуросон фаъолияти шашмоҳаи ҲХДТ ҷамъбаст ва роҳбари нави Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Маҷлис панҷ масъаларо фаро гирифт. Масъулин доир ба ҳар яки он изҳори назар намуда, масъалаҳои ҷориро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар маҷлис оид ба фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2025 ибрози назар карда шуд. Тавре изҳор гардид, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро метавон чун дастоварди бузурги сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд. Зеро ин ҳизб бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро ба мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон менамояд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки фаъолият дар самти густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарварии мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон бояд тақвият бахшида шавад.
Масъулини ҳизб даъват шуданд, ки барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар самти норасоии кадрҳо, мукаммал набудани паҳнкунии маводи иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо дар баъзе ташкилоти ибтидоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи маҷлис масъалаи кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо сабаби вазъи оилавӣ Рустам Бозорзода аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон озод гардида, Ғолибҷон Сиддиқзода ба ин вазифа таъйин гардид.
Дар фарҷоми маҷлис як зумра фаъолони ҳизбӣ барои фаъолияти пурсамар аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон










Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






