Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

Июль 1, 2025 13:34

 ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан 267 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.

Аз 267 нафар — 60 нафар ғолибони  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», 87 нафар ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва 120 нафар ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» мебошанд. Ба ғолибони озмунҳо ба маблағи умумии  165 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Инчунин ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипосномаю туҳфаҳои пулӣ ва ба иштирокчиёни фаъол ва волидайне, ки дар тарбия ва муваффақияти фарзандонашон саҳм гузоштаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» моҳи сентябр баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ашт ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
4852 нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
34 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври дуввуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 10 июн оғоз мешавад
Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» доир гардид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт
Дар Роштқалъа даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азиз ман» доир шуд
Байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Хуҷанд даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад