Байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад

Апрель 30, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳти унвони «Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад» озмун баргузор мегардад.

Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва болаёқат, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегардад.

Озмун аз рӯи 3 шарт баргузор мешавад: қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳнома», дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида ва луғатдонӣ.

Озмун аз ду давр иборат буда, аз моҳи апрел то моҳи майи соли 2025 гузаронида мешавад. Даври якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, даври дуюм дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 30, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад