Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» доир гардид

Май 25, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки беш аз 600 хонандаи болаёқат ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.

Дар озмун иштирокчиён донишу малакаи худро аз фанҳои математика, физика, география, технологияи иттилоотӣ ва биология санҷиданд. Дар натиҷа 52 хонандаи фаъоли ноҳия ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки сатҳи омодагӣ ва рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ рушду такмил меёбад.

Бояд гуфт, ки мақсади баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» дарёфти истеъдодҳои ҷавон, таҳкими завқу хоҳиши донишандӯзӣ ва рушди тафаккури илмии донишҷӯён мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Май 25, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд