Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд

Май 21, 2025 16:20

РӮДАКӢ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ  ва миёнаи касбӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 510 хонанда ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии ноҳия аз рӯйи 8 номинатсия — математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ сабқат менамоянд.

Ба маҳорати иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявӣ, фаҳмиши моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо баҳо гузошта мешавад.

Зимни ифтитоҳи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»  иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мусоидат намуда, дар кашф ва рушду такмили истеъдодҳои нав нақши муҳим мебозад. Бояд гуфт, ки дар замони пешрафти илму техника ва технологияҳои муосир таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Май 21, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд