Дар Роштқалъа даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азиз ман» доир шуд

Май 1, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азиз ман» бо иштироки зиёда 90 довталаб  баргузор гардид. Аз онҳо 33 нафар дар даври вилоятӣ иштирок менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иттилоъ доданд, пеш аз оғози озмун намоиши ҳунарҳои дастии иштирокдорон пешниҳод гардид.

Ҳадафи ин озмун дарёфти истеъдодҳои нав  дар соҳаи санъати мусиқию сарояндагӣ, рассомию дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ мебошад. Бо баргузории озмун сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ баланд мегардад.

Ёдовар мешавем, ки имсол бо дастури Пешвои  миллат ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, бо ин мақсад аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тибқи он, имсол барандагони Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан бо 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Май 1, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст