Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қабалн иттилоъ додем, 150 нафар фарзандони омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар се басти истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» —и назди донишгоҳ, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» хабар доданд.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо раванди истироҳату машғулияти хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ иброз шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати мамлакат дар доираи ин ҳадаф бо ташкили истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакон муҳити солиму созанда ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам меорад.
Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» низ намунаи равшани татбиқи ин сиёсати хирадмандона мебошад. Ин иқдом ҳар сол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо дарки масъулияти баланд ва арҷгузорӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин истироҳатгоҳ аз моҳи июл то август наврасон дар се баст, дар ҳар баст 50 нафар, ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






