Дар Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 дар Камбоҷа хонандагони тоҷик 14 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Олимпиада аз 21 то 27 июл дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа бо иштироки беш аз 218 хонанда аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд.
Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои муваффақонаи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» амалӣ карда мешаванд. Ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






