Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 20 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи он 16 июл дар «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд Озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат» оғоз гардид.
Дар озмун 7 дастаи нозирони навраси ҳаракат аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок намуд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо омили муҳим барои тарбияи ҳуқуқии наврасон дар самти риоя ва омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барқарорсозии дӯстӣ байни онҳо мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, бахусус кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурии беҳдоштию муҳофизатӣ андешида, ҳаёту саломатии ҳар шаҳрвандро ҳифз менамояд.
Дар идома намояндагони дастаҳои иштирокчӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои фароҳамсозии шароити созгор ҷиҳати гузаронидани озмун, ки ба баланд бардоштани маънавиёти наврасон мусоидат мекунад, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар доираи Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил гузаронида мешавад. Иштирокчиёни дастаҳо аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас» байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон








Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






