Дар шаҳри Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо мусоидати Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд. Дар ин хусус Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳоло Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 9 кумитаи соҳавиро муттаҳид намуда, зиёда аз 4 470 ташкилоти ибтидоӣ ва 227 ҳазору 605 нафар аъзоро фаро гирифтааст.
«Яке аз дастовардҳои муҳими шуро дар нимаи якуми соли равон ҳалли масъалаи пардохти ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи тиб мебошад. 11 апрели соли 2025 ба унвони Шурои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби 60 корманди Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров муроҷиати дастҷамъона ворид гардид. Мавзуи муроҷиат марбут ба таъмини пардохти ҳаққи кор дар рӯзҳои истироҳат ва идҳо буд, ки маблағи он пардохт нашуда буд. Пас аз баррасии муроҷиат бо мусоидати шуро ва таҳқиқоти нозири ҳуқуқ масъалаи мазкур ҳал шуда, аз ҳисоби Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандон барқарор ва пардохт карда шуд»,-гуфт раиси шуро.
Дар нишаст баён карда шуд, ки барои пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи меҳнат нозири ҳуқуқи шуро дар маҷмуъ 20 амрнома ба ташкилоти дахлдор ирсол намуд, ки 5-тои он давоми шаш моҳи аввали соли равон сабт гардид.
Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон таъкид менамояд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандон, махсусан дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи доимии он қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






