Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд

Июль 2, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Ёдгориҳо суҳбатгоҳҳои будоӣ буда, ба асрҳои 7-8 мелодӣ мансуб мебошанд. Ёдгорҳои тозакашф аз мероси таърихию фарҳангии ғании миллати куҳанбунёди тоҷик далолат намуда, ҳамзамон хазинаи бостонии миллиро боз ҳам афзун менамояд.

Андозаи ёдгориҳои тозакашфи бостонӣ мутаносибан ба 3 метр паҳноӣ ва 9 метр дарозӣ ва дигараш 3 метр паҳноӣ ва 6 метр дарозӣ баробар мебошанд.

Сафқи ёдгориҳо бо усули меъмории миллӣ, яъне гумбазӣ эъмор шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки ин ёдгориҳо ҳангоми пешбурди фаъолияти соҳавӣ ва азнавбақдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат барои таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав кашф ва таҳқиқ гардиданд.

Ҷараёни азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат аз ҷониби кормандони Агентӣ идома дорад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад