Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст

ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то охири моҳи июни соли равон дар 27879 гектар ҷуворимакка барои дон кишт намуданд. Ҷуворимакка зироати пурқимати ғизоӣ барои инсон ва чорво мебошад. Аз дон, поя ва сӯтаи он зиёда аз 150 маҳсулоти гуногун тайёр мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин навъи зироати кишоварзӣ дар байни ғалладонагиҳо ҳамчун зироати серҳосил ва хӯроки серғизои соҳаи чорводорӣ парвариш меёбад.
Ба тавсия мутахассисон, аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм дони ҷуворимакка ба 1,3 воҳиди хӯрока баробар аст. Дар таркиби дон 9‐12 фоиз сафеда, 45 фоиз равған, миқдори зиёди қанд ва як миқдори кам клетчатка мавҷуд аст. Танаи ҷуворимакка барои тайёр намудани силос истифода мешавад. Аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм силос дорои 0,25‐0,32 воҳиди хӯрокӣ ва 13‐18 грамм протеини ҳазмшаванда мебошад. Баъди ғунучини сӯтаҳо қисмҳои боқимондаи он (тана, барг) ҳамчун хӯроки дурушт дар чорводорӣ истифода бурда мешавад.
Барои гирифтани ҳосили баланд бояд ба технологияи парвариши он, аз қабили муборизаи кимиёвӣ, коргарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обмонӣ сари вақт амалӣ гардад. Баъд аз 8‐10 рӯзи сабзида баромадани ниҳолҳои ҷуворимакка нармкуни байни қаторҳо гузаронидан лозим, Инчунин байни ниҳолҳо бояд 25‐30 сантиметр масофа гузошта шавад. Зичии мӯътадили ниҳолҳои ҷуворимакка барои дон дар як гектар 5560 ҳазор ниҳолро дар бар мегирад. Имрӯзҳо кишоварзон барои гирифтан ҳосили баланд ба заминҳои киштнамудаашон бештар ғизо медиҳанд. Вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ дар давраи нашъунамои ниҳолҳо ду маротиба нуриҳои маъданӣ додан зарур аст, то ҳосили баланд ба даст оварда шавад.
Бояд гуфт, ки ин навъи зироати ғаладонагӣ дар давраи нашъунамо ба ғизои нитрогенӣ ва калийдор талаботи зиёд доранд. Дар як гектар 180‐240 килограмм нитроген, 50‐90 килограмм фосфор ва 100‐195 килограмм калий таъминкарда шавад.
Барои обмонӣ дар давраи нашъунамо аз иқлим, обу ҳаво, таркиби хок, ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ ва давомнокии давраи нашъунамои зироат вобастагии калон дорад. Зироати ҷуворимакка дар нимаи дуюми давраи инкишоф ба обмонӣ эҳтиёҷоти калон дорад. Об бояд байни қаторҳо бо ҷараёни хурд баробар тақсим шавад.
Вобаста аз минтақа парвариш барои зироати ҷуворимакка меъёри солонаи об чунин муайян карда шудааст: аз давраи аз зери хок баромадан то пайдошавии ҷӯробак 35 фоиз, аз давраи пайдошавии ҷӯробак то давраи ширухамирӣ 60‐65 фоиз, аз давраи ширухамирӣ то пурра пухта расидани дон 10‐12 фоиз. Миқдори об барои заминҳои хокаш сабук ба 500‐550, миёна 700‐800 ва вазнин 850‐950 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар мавриди риояи чунин қоидаҳо гирифтани ҳосили баланд аз эҳтимол дур нест.
Барои инсонҳо истеъмоли дони ҷуворимакка иммунитетро баланд, рӯдаҳоро тоза, миқдори холестеринро паст намуда, бемории дилро пешгирӣ мекунад. Ҷуворимакка фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад. Инчунин барои одамони гирифтори диабети қанд бехатар аст.
Ба гуфтаи ғизошинос, 100 грамм донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон аз 300 то 393 килокалория неру ҳосил менамояд. Дар ин раванд истифодаи донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби донаҳои ҷуворимакка витаминҳои гурӯҳи В ҳастанд, ки онҳо ҳам барои баланд бардоштани руҳияи инсон, ҳам барои мустаҳкам намудани масунияти бадан ва ҳам дар мубодилаи дохили бунияи инсон иштирок менамоянд.
Дар тиб барои табобати беморон, асосан пӯпаки ҷувориро васеъ истифода мебаранд. Онро ҳамчун талхарон, пешоброн, барои хориҷ намудани намакҳо аз бунияи инсон, ҳангоми бемориҳои талхадон, аз ҷумла холистестит, холангит, дискенизия ва тангшавии рагҳои талхагузар истифода мебаранд. Он маҷмуи кислотаҳои талхагиро зиёд месозад.
АКС аз манбаъҳои боз