Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл, соати 19:30 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фестивал навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллии покистонӣ пешниҳод мегарданд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд аз таъми лазизи онҳо баҳра баранд. Дар ин рӯз навъҳои гуногуни таомҳои бирёнӣ, самбӯса, ҳалво, лаҳмаҷун пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди сурудҳои тоҷикӣ ва покистонӣ доир мешавад.
Ҳадаф аз баргузории ин фестивал шиносоии мардум бо фарҳанги ғании таомҳои покистонӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангиву дӯстона байни ду мамлакат ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ мебошад.
Дар доираи ин фестивал анъана ва урфу одатҳои мардуми покистон, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии онҳо ба тоҷикон муаррифӣ мегардад. Таомҳои миллии покистонӣ таърихи куҳан доранд. Анъанаи таомҳои миллиашон бо зарфиятҳои хоси худ фарқ мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин фестивал бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






