Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалиёти густурдаи оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли маводи нашъовар аз тарафи гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуда, 3 нафар аъзои гурӯҳ — Назаров Амрулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1977, зода ва сокини деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисор (қаблан суд шудааст), Мусоев Маҳмадулло Фозилович, соли таваллудаш 1971, зода ва сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (қаблан суд шудааст) ва Ибодуллоев Сӯҳроб Муллобекович, соли таваллудаш 1986, зода ва сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (қаблан суд шудааст) боздошт гардиданд. Аз онҳо дар ҳаҷми махсусан калон воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки боздоштшудаҳо ҳангоми дар маҳбас қарор доштанашон бо шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя Раҳимов Бахтиёр (бо лақаби «Баха Чимкентский»), тахминан 40-45 сола, оид ба дастрас ва интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар созиши ҷиноятӣ баста буданд.
Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, роҳбари гурӯҳ Амрулло Назаров масъули дастрас намудани маводи мухаддир аз қочоқчиёни Афғонистон тавассути хатти сарҳади давлатӣ дар самти ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор, Маҳмадулло Мусоев масъули қабул ва интиқоли маводи нашъадор аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ва Сӯҳроб Ибодуллоев масъули интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар дар самти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ муайян шуданд.
Амрулло Назаров аз қочоқбарони Афғонистон 60 баста воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва 10 баста воситаи нашъадори навъи “Афюн”-ро дастрас намудааст. Баъдан номбурда ин миқдор маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе оварда, онро барои интиқол додан ба вилояти Суғд ба шарики ҷиноятиаш Маҳмадулло Мусоев супоридааст.
Маҳмадулло Мусоев дар марҳилаи аввал 20 киллограм маводи мухаддири навъи «ҳашиш»-ро тавассути автомашинаи сабукрав аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода, онро ба шарики дигари ҷиноятиашон Суҳроб Ибодуллоев додааст.
Баъди дастрас намудани 20 киллограм воситаи нашъадор Суҳроб Ибодуллоев тибқи маслиҳати Бахтиёр Раҳимов ин миқдор маводи мухаддирро ба мавзеи наздисарҳадии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол додааст.
Вобаста ба амалисозии марҳилаи дуюми нақшаи ҷиноятӣ аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб мақсад гузоштанд, ки 40 киллограм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва 10 киллограм воситаи нашъадори навъи “афюн”-ро низ бо масири Душанбе-Хуҷанд-Мастчоҳ ба вилояти Суғд интиқол дода, баъдан тавассути хатти сарҳади давалатӣ онро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.
Вале маҳз масъулияти баланди касбӣ ва кордониву зиракии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар боздошт шуданд.
Тибқи хулосаи шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи нашъадори мусодирашуда 60 киллограм навъи «ҳашиш» ва 10 киллограм навъи «афюн» буда, вазни умумиашон 70 килограмро ташкил медиҳад.
Нисбат ба аъзоёни гурӯҳи трансмиллии нашъаҷалоб бо дастрасии моддаҳои 32 қисми 3-200 қисми 4, банди “д”, 32 қисми 3-289 қисми 3 ва 200 қисми 4, бандҳои “а” ва “д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Қочоқи маводи мухаддир яке аз хатарҳои асосии амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мусстақил маҳсуб меёбад. Ба туфайли мавқеи ҷуғрофӣ Тоҷикистон, ки аз ҳама сарҳади тӯлонитарин дорад, бо истифода аз тамоми қувваю воситаҳо ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои минтақа чорабиниҳои муассири амалӣ меандешад.
Таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.
Агар ин ҷиноят сари вақт ошкор ва пешгирӣ намегардид ин миқдор воситаи нашъадор ҳазорҳо нафарро бадбахт ва саломатии чандин нафарро ба хатари марг рӯ ба рӯ мекард. Агар ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро мехоҳем, пас ҳама бояд ба муқобили нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дастаҷамъона мубориза барем.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид
Машқҳои неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт
«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД бо номи «Бародарии шикастнопазир-2025» оғоз шуданд
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид
Дар Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад






