Дастовардҳои Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии осорхонавӣ дар Чин ба тамошо гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии «Эҳтироми тамаддунҳои гуногун — майли рушди муштарак», ки моҳи август дар Чин баргузор мегардад, зимни мулоқоти маҷозии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо намояндагони Осорхонаи миллии Чин Ван Джичиан, Ҷен Е ва Ляо Тсэлин баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи мулоқот дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани намоиши байналмилалии «Эҳтироми тамаддунҳои гуногун — майли рушди муштарак» дар Осорхонаи миллии Чин мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили бастубанди нигораҳо тибқи муқаррароти осорхонавӣ, интиқоли безарари онҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва баргардонидани онҳо, муҳлати баргузории намоишу дигар масъалаҳо ва паҳлуҳои раванди омодагӣ ба ин намоишро баррасӣ намуданд.
Зафаршо Иброҳимзода гуфт, ки иштироки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар чунин намоиши сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. Умед аст, ки намоиши байналмилалии «Эҳтироми тамаддунҳои гуногун — майли рушди муштарак» дар фазои сулҳу дӯстӣ баргузор гардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад






