Донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок доранд

Июль 27, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Чунин иттилоъ дод директори коллеҷ Латофат Одиназода зимни  нишасти матбуотӣ.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» донишҷӯйи курси 2-юм Зикрулло Латипов сазовори ҷойи дуюм гардид. Инчунин донишҷӯйи курси 2 Шукрона Саидакбарзода дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ сазовори ҷойи сеюм, аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Хадиҷа Мирсаидова сазовори ҷойи сеюм, аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Қиматгули Аҳмад сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Изҳор гардид, ки дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи физика-астрономия донишҷӯйи курси 1 Ҷамила Назарова сазовори ҷойи сеюм, аз рӯйи номинатсияи биология донишҷӯйи курси 1 Назокат Исозода сазовори ҷойи сеюм, аз рӯйи номинатсияи химия донишҷӯйи курси 1 Нигора Холматова сазовори ҷойи сеюм, аз рӯйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ донишҷӯйи курси 1 Парвина Носирзода сазовори ҷойи сеюм ва донишҷӯйи курси 1-уми шуъбаи ғоибона Назокати Абдулваҳоб сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

АКС: Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

Июль 27, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад