Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ва раиси Бонки миллии Қатар Абдуллоҳ Муборак Ал-Халифа баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи молия ва бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории мустақим ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ карда, табодули сафарҳои ҷонибҳоро зарур шумориданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






