Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!

ДУШАНБЕ, 21.07.2025./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 17 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар маҷлис масъалаи вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он боз як соли муҳим ва аз лиҳози сиёсӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Дар зер андешаҳои яке аз иштирокчиёни маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон манзур мешаванд.
-Дар ин маҷлис тамоми масъалаҳои давлату давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки яке аз онҳо дӯст доштани Ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ мебошад.
Муҳтарам Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба Ватану ватандӯстӣ бо ҳарорат ҳарф зада, таъкид намуданд, ки ҳар нафаре, ки дар вуҷудаш хуни тоҷикӣ дорад, бояд бетараф набошад, чунки ин Ватани биҳиштосоямон, ки номаш Тоҷикистон аст, хоси миллати тоҷик аст, онро дӯст доштан, ҳимоя намудан, ободу зебо гардонидан вазифаи ҳар фарди тоҷик аст. Пас, ба хотири пойдории ватанамон, пеш аз ҳама, бояд фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ таълиму тарбия намоем, аз гузаштаи пурғановатамон бохабар созем, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоем, дару девори худро ба тартиб дарорем, ба фарзандон шароити хуб муҳайё намоем, духтарони худро ба зиндагии мустақилона омода созем, либосҳои миллиямонро тарғиб намоем, дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиндагӣ намоем ва барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошем. Иҷрои ин амалҳо нишонаи дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ватандӯстиро бо амалҳои неки инсондӯстӣ нишон диҳем, таъкидҳои муҳтарам Пешвои маҳбуби миллатро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорем, дар дилхоҳ гӯшаю канори дунё ҳам, ки бошем, бояд аз миллату сарзамини худ ифтихор намоем. Суханҳои ҳикматбахши муҳтарам Пешвои миллатамонро, ки бо ифтихор иброз намуданд: «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъдан мусулмон ҳастам», бояд чун зангӯлае ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта, дар амал татбиқ намоем. Ин вазифаи шаҳрвандӣ ва ватандӯстии мо мебошад.
Дар ҳамаи давру замон Ватан барои сокинон ҷойи муқаддас аст, чун он сарзаминест, ки аҷдодон таваллуд мешаванд, таҳсил мекунанд, издивоҷ менамоянд ва то охири умр дар он зиндагӣ мекунанд. Бар замми ин мазори гузаштагон низ маҳз дар ватан аст. Аз ин ҷиҳат хоки он муқаддас аст. Ватан таърифи зиёде дорад, аз нигоҳи ман ватан решаҳои яксони фарҳангии одамон аст, ки ба ҳайси мерос аз гузаштагонамон мондаанд ва аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ҷойи муайян доранд. Чун забон, расму оинҳо, анъанаҳо, ки ба як қавму миллат тааллуқ доранд, аз фарҳанги миллӣ маҳсуб мешаванд. Вожаҳои Ватан, Меҳан, Кишвар, Давлат ба ҳам тавъаманд ва барои афрод бояд азизу муътабар бошанд. Шиносномаи миллати мо худ аз худ пайдо нашудааст, аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ то осори барҷастаи Саъдӣ, аз девони Ҳофиз то Маснавии Мавлоно, осори Аттору Байҳақӣ ва навиштаҳои олимонаи Ибни Синою Форобӣ ва сафарномаҳои Берунӣ ва ғайра ҳамагӣ ҳосили таҷрибаҳои зиндагии ин бузургони миллат будаанд, ки имрӯз дар чеҳранигории миллат хизмати бузурге менамоянд. Ҳангоме шинохту дарки ин бузургонро дорем, фарҳанги ватандӯстии мо бояд дар сатҳи хеле баланд бошад.
Хушбахтона, миллати азияткашидаи тоҷик давоми ҳазору сад соли бедавлатӣ арзишҳои миллии худро нигоҳ дошта тавонист. Албатта, фарзандони сарсупурдаи миллат дар давраҳои беҳокимиятӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пойдории арзишҳои миллӣ заҳматҳои зиёд кашиданд.
Имрӯз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мо бо ифтихори баланд аз қаҳрамониҳои онҳо ёдоварӣ намуда, худро яке аз миллатҳои баландиқбол эҳсос менамоем. Маълум аст, ки дар дунё миллатҳо бисёр ҳастанд, лекин соҳиби давлат нестанд.
Дар ин вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳонӣ, ки пешгӯинашаванда мебошад, мо бояд таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозию давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовидона пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ ва забону адабиёти пурғановати мо гардиданд.
Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, Истиқлолияти давлатии мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангӣ дорад. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абумуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳои дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо барои истиқлолият мебошад.
Тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон фақат натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ нест, балки ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо давоми ҳазорсолаҳо идома ёфта, дар ибтидои асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Муборизаи шадиди мафкуравии фарзандони бузурги миллати мо, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода ва гурӯҳи калони олимону зиёиёни сарсупурда ва дурандешро набояд аз ёдҳо зудуда гардонем. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиғи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру ҷовидона мубориза бурда, халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ ҳидоят намуданд. Зиёда аз ин, метавон гуфт, ки маҳз ҳамин кӯшишу ғайрати бошуҷоати онҳо заминаи боэътимоди ташаккули идеяи миллӣ гардид.
Ифтихори бузургтарини миллати тоҷик- доштани Пешвои маҳбуби миллат мебошад, ки баъди ин қадар солҳою қарнҳои бедавлатӣ миллати тоҷикро соҳиби давлате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардониданд, мардумро ба зиндагии шоиста расонида, дар арсаи байналмилалӣ арзишҳои миллиямонро, ки қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз сари нав эҳё ва муаррифӣ намуданд.
Аз соҳибистиқлол гардидани мамлакат на он қадар вақти зиёде гузаштааст, аммо Тоҷикистон имрӯз бо чандин давлатҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон шартномаҳои ҳамкорӣ ва дипломатӣ барқарор намудааст. Зиёда аз 180 давлати дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуданд, ки ин пешравии босуръат боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони ҷумҳуриамон мебошад.
Зуҳро ҲАКИМЗОДА,
муовини Раиси ноҳияи Данғара
АКС: АМИТ «Ховар»