Имрӯз мусобиқаи байналмилалии «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо «Ulaаnbaatar Grand Slam 2025», ки аз 25 то 27 июли соли 2025 дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор доир мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Барои иштирок дар мусобиқаи «Ulaаnbaatar Grand Slam 2025» то ҳоло 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 давлат номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд, ки дар шаш вазн байни мардон ва дар 2 вазн байни занон рақобат хоҳанд кард. Дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило, Умедҷон Раҷабов ва Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кило, Муҳсин Малаев ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кило, Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило ҳунарнамоӣ менамоянд. Дар байни занон Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг ҳунарнамоӣ мекунанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, барномаи баргузории мусобиқа чунин аст: рӯзи аввал- 25 июл ҷудокорон дар вазнҳои то 60 кг, то 66 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг байни занон рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои то 73 кг, то 81 кг ва занон дар вазнҳои то 63 кг, то 70 кг сабқат мекунанд. Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои то 90 кг, то 100 кг, +100 кг ва занон дар вазнҳои то 78 кг, +78 кг баромад мекунанд. Оғози рақобатҳо дертар маълум хоҳад шуд.
Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро (4000 евро — варзишгар, 1000 евро — мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро — варзишгар, 600 евро — мураббӣ) ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро — варзишгар, 300 евро — мураббӣ) сарфароз гардонида мешаванд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм — 700, ҷойи сеюм — 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум 260 имтиёз дода мешавад.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






