ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак баҳри самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Ин масъала истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнаи шаҳрро ҳам бетараф нагузоштааст. Сокинони кӯчаи Сафаралӣ Ниёзов маротибаи дуюм аст, ки аз қитъаҳои замини назди биноҳои баландошёна ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак иттилоъ медиҳад.
Тавре сокинони кӯчаи Сафаралӣ Ниёзов иброз доштанд, «тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар назди бинои истиқоматиамон дарахту бутта ва гулҳои мавсимӣ шинонидем. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, дар байни дарахтон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла қаламфури булғорӣ, помидор, бодиринг, ҷуворимакка, лаблабӯ, лӯбиё, райҳон, шибит, ҷаъфарӣ, пудина ва ғайраҳоро парвариш намудем».
«Аз ин заминҳо ҳосили фаровон ба даст оварда, як қисми сабзавоти ҷамъовардаамонро, ки боқӣ монда буд, барои захираи зимистон консерва намудем. Мо аз истифодаи самараноки замин на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ ба даст овардем, балки растаниҳои сабз атрофи бинои моро бисёр зебо намуданд. Бӯйи хуши пудинаву райҳон ба машомамон мерасаду ҳаловат мебарем»,- гуфтанд онҳо.
Сокинони ин кӯча пешниҳод намуданд, ки «дар назди биноҳои баландошёнаи дигар шаҳру ноҳияҳо, идораву ташкилотҳои ҷумҳурӣ заминҳои калон бекор хобидаанд. Худ мешуд, ки ин заминҳоро сокинону кормандон барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода баранд. Ақаллан кабудӣ, пудинаву райҳон ва ҷаъфарӣ, ки заҳмати зиёдро талаб намекунанд, шинонад, бисёр хуб мешавад».
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Онҳо хона ба хона гашта, ба сокинон дар ин самт маслиҳату машварат медиҳанд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки сокинони шаҳр дар истифодаи самараноки замин фаъолнокӣ нишон медиҳанд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигиро самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






