Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд

ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлол бо ибтикор ва тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи арзишҳои бунёдии демократӣ таъсис ёфта, дар марҳилаи хеле душвор ва мураккаби сиёсӣ барои муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа хизмати арзишманде анҷом дод.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Анҷумани таърихии ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2024 баргузор гардид, доир ба зарурати таъсиси ҳизб ба таври хеле возеҳу равшан чунин баёни андеша намуданд: «Бояд гуфт, ки заминаи асосии таъсиси ҳизб аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар ҳамон рӯзҳо барои мо таъсис додани ҳизбе зарур буд, ки мардуми парокандашудаи тоҷикро сарҷамъ созад, табақаҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси як идеяи миллӣ муттаҳид намояд, ба равандҳои сиёсии кишвар таъсиргузор ва дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нақши пешбаранда дошта бошад».
Тавре олимону коршиносони варзидаи соҳаи сиёсат низ арзёбӣ намудаанд, зарурати таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се омили марказии рушди давлатдории миллӣ ва демократӣ асоснок мегардад:
Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимияти давлатӣ тавассути ниҳодҳои сиёсӣ амалӣ мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи Шуравӣ ва ҳизби яккаҳукмрони он замон ҳизбе таъсис дода шавад, ки дар фазои сиёсӣ манфиатҳои миллӣ ва давлатиро ҳадафмандона дифоъ намояд ва дар баробари ин барои рақобати озоди сиёсӣ миёни дигар ҳизбу ҳаракатҳо иштирок намояд.
Дуюм, дар фазои ноороми сиёсӣ ниҳоде зарур буд, ки бар асоси хостаҳои мардум амал намояд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла сиёсисозии дину эътиқод, ифротгароии динӣ, экспансияи фарҳанги бегона ва лиеберализми ғарбгароии аз ҳад зиёд истодагарӣ карда, дар заминаи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намуда, идеяи бунёди давлати миллӣ ва демократиро дар Тоҷикистон миёни неруҳои сиёсӣ асоснок ва ҳадафмандона тарғиб намояд.
Сеюм, дар бунёди ҷомеаи нав ва давлати ҷавон ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи ҳокимияти халқӣ-демократӣ ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мутобиқи он амал мекард.
Чунин неру як ҳизби сиёсии пешбару созанда, эҷодгар ва мубориз дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки Пешвои миллат тарҳрезӣ намудаанд, дар фазои сиёсии кишвар зуҳур намуд.
Аз замони таъсиси ҳизб то кунун фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баёнгари ин ҳақиқат аст, ки Раиси муаззами ҳизб бо маҳорати баланди роҳбарӣ афкору ниёзи табақаҳои гуногуни ҷомеаро амалӣ сохта, ягона роҳи дурусти пешравии мамлакатро барномарезӣ намуданд.
Раиси ҳизб аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ афзалияти милливу иҷтимоӣ ва манфиатҳои мардуми кишварро аз принсипҳои либерализми иқтисодиву нафъҷӯйиҳо болотар гузошта, бо бартараф кардани монеаҳо мафкураи ҳизбиро бо арзишҳои анъанавии миллӣ ҳамоҳанг сохта, бо ин роҳ барои пешрафт ва рушди давлат заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони мустақил дар ин муддат рисолати таърихии худро иҷро карда, бо татбиқи барномаи мукаммали хеш дар таъмини якпорчагии мамлакат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод, таъмини зиндагии шоиста барои мардум ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Тоҷикистон тавонист саҳми арзанда гузорад.
Дар ҳамон марҳалаи ҳассос таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати азизу муқаддаси мо — Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедворӣ ба ояндаро дар дили ҳар шаҳрванди мамлакат ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд.
Бунёди мактаби сиёсии давлатдорӣ, таъмини ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, эътирофи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Имрӯз метавон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки бо саъю талоши аъзои ҳизб ва пуштибонии мардуми мамлакат бештари ҳадафу вазифаҳои дар барномаҳо муайяншуда амалӣ гардидаанд.
Интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои асосиест, ки натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар маҳалҳо ва умуман, бурду бохти ҳар ҳизбро баръало инъикос мекунад.
Барномаи пешазинтихобитии ҳизб, ки фарогири тамоми масоили рӯзмарраи ҷомеа аст, яке аз воситаҳои таъсирбахш дар интихобот буд. Зеро он ниёзу хостаҳои мардумро ифода намудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ фаъолиятро таҳким бахшида, дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии хеш талош менамояд.
Давоми шашмоҳаи аввали соли равон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои васеи сатҳи ҷумҳуриявӣ бо фарогирии шумораи зиёди мардум доир мегарданд, ки ҳадафи асосӣ аз роҳандозии онҳо таҳкими дӯстиву рафоқат, иттиҳоду ҳамбастагӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад.
Баргузории силсилаконфронсҳо, ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ, хонишҳои сиёсӣ аз ҷумлаи тадбирҳое маҳсуб мешаванд, ки дар онҳо теъдоди зиёди мардум иштироки фаъолона доштанд.
Чунин машварату вохӯриҳо бо ташаббуси сохторҳои ҳизбӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир гардида, дар он оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, аз қабили тарзи дурусти баргузории ҷашнҳои динӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва роҳ надодан ба ифротгароӣ суҳбатҳо анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, доир намудани омӯзишҳои идоравӣ барои кормандони сохторҳои ҳизб ва хонишҳои сиёсӣ, ки фарогири муҳимтарин масъалаҳо мебошанд, дар ҳамаи ташкилоти ибтидоӣ хусусияти доимӣ касб кардааст.
Дар доираи ҳамкории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо боз ҳам тақвият ёфт.
Ба ифтихори иду ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир карда мешаванд. Зимни баргузории чорабиниҳо бо мардум дар бораи моҳияти асосии истиқлолу озодӣ, иқдомҳои муосири ҳизб баҳри пешрафти Тоҷикистон, сулҳу осоиш, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ суҳбатҳо амалӣ мегарданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, пайваста саъю талош мекунад.
Масъалаҳои иқтисодӣ аз рӯзҳои нахустини таъсиси ҳизб дар меҳвари фаъолият ва барномаҳои мо мақоми асосӣ доранд.
Ҳизби мо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ мунтазам чораҷӯйӣ намуда, дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои равнақи иқтисоди миллӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум талош дорад.
Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори соҳа ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои фароҳам овардани ҷойи нави кор, беҳтар намудани шароити кор ва расидан ба зиндагии шоиста тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди назар қарор дода, ба таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру деҳот, беҳтар кардани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо кардани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон мусоидат менамоянд.
Ҳизб ҳамкориро бо мақоми ваколатдори соҳаи илму маориф ба роҳ монда, дар тарбияи насли ҷавон ҳамеша саҳм мегузорад. Сохторҳои ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби соҳибкорону шахсони эҳсонкор дар таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ҳамеша саҳмгузоранд.
Сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офатҳои табиӣ, таъмири мактабу кӯдакистонҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳо, иншооти обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, бо ибтикори ҳизби мо дар ноҳияи Тоҷикобод барои зарардидагон аз заминларза манзилҳои истиқоматӣ бунёд мешаванд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорони меҳнат дасти кумак мерасонад.
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2020 «Оид ба ҳамкорӣ дар корҳои хайриявӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шартномаи ҳамкорӣ барои расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ба имзо расонид.
Дар асоси қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба 335 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон «нафақи ҳизбӣ» муқаррар шудааст, ки ҳар моҳ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ба гирандагони нафақа расонида мешавад.
Бо ҳидоятҳои Роҳбари давлат расонидани кумакҳои моддӣ ва озуқаворӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вакилони халқ ва аъзои фаъоли ҳизб ин иқдом бештар гардидааст. Ин амалҳои хайр дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба худ хусусияти доимӣ касб намудаанд.
Ҳамкории байналмилалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсии дигар кишварҳо давоми соли равон хеле густариш ёфт. Аз ҷумла, ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизби умумирусиягии «Единая Русия», Ҳизби коммунисти Чин, ҳизби сиёсии «Ени Азербайджан», ҳизби сиёсии Қазоқистон «Аманат», ҳизби сиёсии «Белая Рус» дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи баланд идома дорад.
Давоми соли равон чандин ҳамоишу конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои хотирмон баргузор гардиданд, ки барои таҳкими муносибатҳои кишварҳо, дӯстии халқҳо ва густариши ҳамкории минбаъда манфиатбахш мебошанд.
Зимнан таъкид бояд намуд, ки эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ хеле баланд аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз 622 ҳазору 356 аъзоро дар сафҳои худ муттаҳид кардааст, ки онҳо дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд.
Дар ин муддат 7 ҳазору 407 ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти густардаи ҳизбро ба роҳ мондааст, ки ин ҳама қувваи воқеан, бузурги сиёсӣ мебошад.
Ин рақамҳо бозгӯйи маҳбубияту маъруфияти ҳизби мо мебошанд, ки ҳазорон нафар шаҳрвандон майли аъзо шудан ба ҳизби моро доранд.
Албатта, ин нуктаро бояд таъкид кард, ки мо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизбамон барои сифатан беҳтар кардани сохторҳои ҳизб ва аъзои он корҳои таҳлилӣ ва амалии зиёдеро анҷом додаем.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳо ва самтҳои муҳимтарини рушди давлатдориамон дар марҳилаи муосир мушаххас гардидаанд, ки он ба идеяҳои ҳизб тавъам мебошанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои он солҳои охир дар пайравӣ ба ташаббускориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб самти таҳия ва амалисозии иқдому навкориҳоро ихтиёр намуда, дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муайянро амалӣ мегардонанд.
Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ