Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид

Июль 30, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи нашриявии «Дониш» китоби нави узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон «Фурӯғи худшиносии миллӣ»-ро ба нашр расонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар муқаддимаи китоб навишта шудааст, ки фурӯғи худшиносии миллии мо, тоҷикон дар ҷаҳони пуртазоди муосир, пеш аз ҳама, ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар амри эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ алоқаманд мебошад.

Дар китоб таъйид гардидааст, ки воқеан, бо тулӯи офтоби Истиқлол Тоҷикистон на фақат ба сифати давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифт, балки ба шарофати Истиқлол чароғи ёдҳову шамъи хотирҳо дубора фурӯзон шуд ва гули армону умеду орзуҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик ба бор омад.

Дар китоби мавриди назар асосан пирӯзию музаффарияти рӯзгори Истиқлол, бахусус заҳматҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ, эҳёи расму ойин ва  ҷашнҳои қадими ориёӣ, гиромидошти бузургони гузаштаву имрӯзаи миллат, бунёдкориҳои бемисли даврон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» тасвир шудаанд.

Шарҳу тавзеҳи ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар ҷашнҳои қадими ориёӣ ғолибан дар заминаи «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор» ва «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ (973-1048), ки китоби дувумиро ҳазор сол аз ин пеш ба забони модарии мо таълиф карда буд, доир шудаанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки ин дороиҳои ҳувиятсоз, яъне ҷашнҳои қадими ориёии  Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон дар Тоҷикистон ба сифати ҷашнҳои миллӣ пазируфта шуда, Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО сабти ном гарданд.

Дар китоб аз чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанг ва ситораҳои дурахшони осмони забону адаб: Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Устод Айнӣ ёд гардида, аз овоза то ҳақиқати ба орифи маъруф ва устоди маънавии Мавлоно – Шамси Табрезӣ мансуб донистани мазори ин бузургвор дар қаламрави Тоҷикистон, ки ба вай нисбат медиҳанд, бо даҳ далел таъйид шудааст.

Дар сурудаҳои «Роғуннома» ҷуръату ҷасорат, кӯшишу ғайрат ва нақши меҳварии Пешвои муаззами миллат дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид гардидааст.

Китоб барои истифода ба доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад