«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз моҳи март то моҳи апрел дар се давр ва аз рӯи 8 номинатсия гузаронида мешавад.
Даври якуми фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш аз 9 то 21 март дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, гулдӯз, зардӯз, порадӯз, читгар, атласу адрасбоф, гулбасту алочабоф, гардбоф, тоқидӯзу рӯймолбанд, ҷӯроббоф, шерозбоф ва ресмонбоф гузаронида мешавад.
Даври дуюм дар caтҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 март то 10 апрел баргузор мегардад.
Даври сеюм маросими ҷоизасупорӣ буда, дар назар аст, ки 28 апрел дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсули ҳунарии тарроҳону ҳунармандонӣ минтақаҳо, ғолибони даври дуюм бо барномаи фарҳангӣ ва мукофотсупорӣ ба ғолибону иштирокчиёни фаъол доир гардад.
Тибқи низомномаи озмун, дар ду давр ҳар як минтақа намудҳои либосро дар матоъҳои гуногуни ватанӣ, тарҳи онҳо, истеъдоди чеварону тарроҳон, нақши либос ва шинаму зебо дӯхтани либос ба намоиш – фурӯш мегузорад.
Дар даври ҷумҳуриявии фестивал – озмун ва намоиш – фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ ҳунармандону чакандӯзон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, имкон пайдо мекунанд, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал – озмун аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи маҳал, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гӯлдӯзӣ, зардӯзӣ порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ (ролик аз фаъолияти тарроҳ-ҳунарманд, ки дар фестивал озмун иштирок мекунад), гузаронида мешавад.
Мақсади асосии баргузории фестивал – озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ ва суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни ватанӣ яке аз ҳадафҳои дигари фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш мебошад.
Баргузории фестивал – озмун яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ равона гардидааст.
Фестивал – озмун имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, рассомон, «Тоҷикматлубот», кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат муваззаф гардидаанд.
Иштирокчиёни фестивал-озмун аз чониби кумитаи тадорукот бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






