«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Февраль 11, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, арзишҳои таърихию забонӣ, ваҳдати миллӣ ва муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст». Ин матлабро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои фарҳанги тоҷик» баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Инчунин иброз гардид, ки яке аз ҷанбаҳои асоси ҳастии миллат дар олами маънавиёт ифода меёбад. Он сипари фарҳангӣ ва кафолати бақои миллату халқи тоҷикро буда, истиқлолияти фарҳангии мамлакатро таъмин менамояд.

Дар конференсия олимон ва мутахассисони соҳа маърузаҳои илмӣ намуда, оид ба ташаккули механизми нави фаъолияти муассисаҳои фарҳангу санъат, такмили низоми фаъолияти илмӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ барои рушди фарҳанги кишвар, татбиқи неруи эҷодии мардум ба таври мукаммал, навсозии шаклҳои фаъолияти корӣ ва механизмҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ва табдил додани муассисаҳои фарҳангу ҳунар ба маркази воқеии баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангию маърифатӣ ибрози андеша намуданд.

Имрӯз дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ бо ифодаи хусусияти хосса рукнҳои меҳанпарастиро инъикос намуда, ҷомеаро ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳидоят менамояд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст