ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Тараннуми ишқ дар ашъори Робиаи Балхӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабии шоираи номвари тоҷику форс — Робиаи Балхӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон доир карда шуд.
Баромадкунандагон аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ сухан ронда, нақши ӯро дар ташаккули адабиёти классикии тоҷику форс ва тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ мавриди таҳлил қарор доданд.
Иброз гардид, ки ашъори ин шоираи асри Х сарчашмаи муҳими тарбияи маънавӣ буда, имрӯз низ барои ҷавонон сабақи садоқат, шуҷоат ва муҳаббат ба Ватан аст.
Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯён аз ашъори Робиаи Балхӣ порчаҳо қироат намуда, муҳити фарҳангӣ ва эҳсосии ҷолибе ба вуҷуд оварданд. Қироати шеърҳо бо ҳисси баланди бадеӣ анҷом ёфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба маънои амиқи суханони ин шоираи бузург бештар кард.
Дар фарҷом иштирокчиён баён доштанд, ки чунин ҳамоишҳо барои боло бурдани сатҳи маърифати адабӣ, густариши донишҳои илмӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ дар байни донишҷӯён аҳамияти калон доранд.
АКС: Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






