Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзуи «Мирзо Турсунзода- шоири миллӣ ва шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ташкилкунандаи конференсия Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ба он донишмандону суханшиносон, адабиётшиносон ва муҳаққикону пажуҳишгарон даъват карда шудаанд.
Дар конференсия мавзуъҳои «Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ», «Мақоми Мирзо Турсунзода дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик», «Мирзо Турсунзода-шоири ватандӯсту ватансаро», «Таблиғи андешаҳои миллӣ ва башардӯстон дар осори Мирзо Турсунзода», «Мирзо Турсунзода ва таъсирпазирию таъсиргузорӣ дар адабиёт», «Саҳми Мирзо Турсунзода дар густариши равобити адабии байни халқҳо», «Вижагиҳои луғавию услубӣ ва сарфию наҳвии осори Мирзо Турсунзода» ва ғайра баррасӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки Мирзо Турсунзода фарзанди бузурги халқи тоҷик буда, ҳамеша дар васфи Ватан ва марзу буми аҷдодӣ шеър мегуфт.
Тавре Сарвари давлат иброз доштаанд, «муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард».
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






