Эҳдо ба Пешвои миллат

Февраль 17, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сухан неъмати бузург барои башарият аст. Агар чунин намебуд, Офаридагор онро муҳимтарин ҳадяи худ барои инсон пас аз офариниш намехонд. Аҳамияти неъмати эҷод кардан болотар ва  муҳимтар аз неъмати дидану шунидану роҳ рафтану хӯрдан аст.

Мояи ифтихор аст, ки дар шароити мураккаби имрӯз ва бархӯрдҳои ҷаҳонӣ касоне, ки ҳам сухан мегӯянду ҳам барои дигарон сухан меофаранд, яъне аҳли қалам, соҳиби неъмати бузургтар ва дар айни ҳол дорои масъулияти бештаранд. Чунки онҳо таҷассумгари симои маънавии ҷомеа ва пешбарандаи афкори умум ҳастанд ва ба кадом самт рафтани ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба қаламу фикру сухани онҳо бастагӣ дорад. Имрӯз хушбахтона Тоҷикистони азиз аз ҷумлаи кишварҳои босубот ба ҳисоб меравад ва сол то сол обрую эътибораш меафзояд.

Хизматҳои бузург ва шоёну намоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон бо арҷгузорӣ ва эҳтироми беандоза пазируфта шудаанд. Ин арҷгузорӣ шаҳодати самимияти зиёд ба сиёсати созанда ва меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, рушди иқтисод, ҳифзи фарҳанг ва эҳёи арзишҳои миллист.

Дар ҳамин замина аст, ки шоир Эҳсони Заврон бо муҳаббат ва эҳсоси амиқ шеъреро дар васфи Пешвои миллат эҷод кардааст, ки дар он хизматҳои созанда ва поягузории ӯ ба давлат ва миллати тоҷик бо забони ширину пурмаҳсул арҷгузорӣ мегардад. Ҳар байт аз ин шеър на танҳо арҷ ба шахсияти Пешвои миллат, балки ифтихори ҳар точик ва ҳар форсизабон аз ном ва корҳои созандаи ӯ мебошад.

Тоҷикону кулли форсизабонони дунё хизматҳои абармарди таърихсозу бунёдкор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона эътироф намудаву ба он арҷ мегузоранд. Шоири форсизабон Эҳсони Заврон эҳсоси қалби худро нисбат ба заҳматҳои Пешвои муаззами тоҷикон дар бунёди давлати навини миллӣ чунин нигоштааст:

Кист истиқлолро меъмор ҷуз ин марди род?
Раҳмати ҳақ бар равони поки момаш бод, бод!
Кинаҳо як сӯ ниҳоду миллате дод ӯ наҷот,
Аҳраман пурсӯгу Ҳурмуз з-ибтикораш гашт шод.
Нақбу барқу коху манзил, роҳу майдон сохт ӯ,
Аз Душанбе ӯ Бухоро кард бо ранҷе зиёд.
Шуҳрату номи Хуросон ӯ фузуд аз ҳимматаш
То ҷаҳон бар ҷост, ёдаш мекунад ин мулк, ёд.
Ӯ паёми Шоҳнома бурд бар ҳар хонадон,
Руҳи Фирдавсӣ кунад номаш ба гетӣ рамзи дод.
Тоҷикистон ӯ нигине карда дар тоҷи Каён,
Чун Курушу Оли Сомон пояи давлат ниҳод.
Порсигӯ мекунад аз раҳбариаш   ифтихор,
Шод зӣ бо парчами созандагиат шод, шод!

Февраль 17, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд