Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳунарҳои бадеии халқӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Конференсияи илмӣ-амалӣ бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳифз ва рушди анъанаҳои хоси ҳунарҳои бадеии халқӣ, бақайдгирӣ ва барӯйхатгирии мероси фарҳангӣ доир шуд. Иброз гардид, ки бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангию илмӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола унсурҳои мероси фарҳангӣ барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд. Он имконияти хуби муаррифии фарҳанги ғании миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, бобати гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда таҳвил додани он имконият фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи миллии мероси фарҳангӣ» таҳия гардидааст. То имрӯз ба он зиёда аз 580 унсури фарҳангӣ ворид гардидааст, ки бахшҳои гуногун — аз фолклор то расму оинҳо ва ҳунарҳои дастиро дар бар мегиранд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






