Масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи роҳи оҳан дар Тоҷикистон бо намояндагони Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода ва намояндагони Донишгоҳи Вусонг (Woosong University) ва Роҳи оҳани миллии Корея ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳанро таъкид намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муносибатҳои илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи роҳи оҳан дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи Корея ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар бахши нақлиёти роҳи оҳанро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки густариши ҳамкорӣ барои рушди босуботи соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон аҳамияти бузург дошта, барои пешрафти минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни Тоҷикистон ва Корея заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






