Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии пахта ва ҷараёни кишти такрорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти кишоварзони шаҳр аз наздик шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агротехсервис» бо минтақаи сохтмони коргоҳи нави истеҳсолӣ, намунаҳои техника ва механизмҳои кишоварзӣ, ки тавассути муҳандисони маҳаллӣ такмил ёфтаанд, шинос шуд.
Сипас, ҷараёни парваришу ҷамъоварии пахта, ҷуворимакка, полезиҳо, меваю сабзавот ва кишти такрориро дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Ҳисор ва Дурбат назорат намуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки барои иҷрои ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор имконият зиёд аст. Ин аст, ки кишоварзони шаҳр дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба таври шоиста ҳиссаи арзишманд мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






