Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон сафари сайёҳиву эҷодӣ ташкил гардид.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари сайёҳиву эҷодӣ намояндагони ВАО бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 26 то 28 июн дар чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анҷом дода шуд.
Намояндагони ВАО дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон аз маконҳои сайёҳиву фароғатӣ тамошо намуда, бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, марказҳои хизматрасонӣ, марказҳои минтақавии ширкатҳои мобилӣ ва дигар фаъолиятҳои марбут ба соҳаи алоқа шинос гардиданд.
Рӯзноманигорон дар Ҷамоати деҳоти Саразми деҳаи Чимқалъа шаҳри Панҷакент бо пойгоҳҳои мавҷтақсимкунии ширкатҳои мобилӣ ва вазъи хизматрасониҳои рақамӣ шинос шуданд.
Ба намояндагони ВАО иттилоъ дода шуд, ки дар ин пойгоҳ аз ҷониби ширкати Tcell барои таъмини неруи барқ дар ҳолатҳои қатъ гардидани қувваи барқ дастгоҳи барқғункунанда насб шудааст.
Ҳамчунин аз фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқа, ки аз ҷониби ширкати Вавилон-М насб шудааст, шинос шуданд. Иброз гардид, ки ин истгоҳҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, аз рӯйи стандартҳои 2G ва 3G фаъолият доранд. Бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ ва пешрафти технологияи мавҷрасонӣ ширкатҳои мобилии Tcell ва Вавилон-М нақша доранд, ки дар давоми сол бо навсозии истгоҳҳои базавии барои сокинони ин минтақаи мамлакат стандарти насли 4G-ро дастрас намоянд. Гуфта шуд, ки пойгоҳи базавии ширкати МегаФон Тоҷикистон, бошад ба сокинони шаҳри Панҷакнет мавҷи баландсуръатро пешниҳод менамояд.
Намояндагони ВАО дар шаҳри Истравшан ва Хуҷанд низ бо вазъи хизматрасонии ширкати Вавилон-М, МегаФон Тоҷикистон, Tcell, Вавилон-М ва ZET-MOBILE шинос гардиданд.
Дар шаҳри Хуҷанд аз пойгоҳи базавии алоқа, воқеъ дар меҳмонхонаи «Суғдиёнд», ки бо стандарти 5G кор мекунад, дидан намуданд.
Дар ин марказҳои тамоси ширкатҳои мобилӣ фаъолият дар се баст, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисон ҳамарӯза ба муштариён ҷавоб мегардонанд.
Дар баробари ин намояндагони ВАО мавзеи таърихии шаҳри Саразм, Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзеи сайёҳии «Артуч», «Қалъаи Муғ», «Қалъаи Хуҷанд» ва «Истироҳатгоҳи Баҳористон»-ро тамошо намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






