НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 217 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолта, 16 зеристгоҳи барқӣ, 289 километр хатҳои интиқоли барқи 35-киловолта ва беш аз 560 километр хатҳои нави барқии иқтидорашон хурд сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 МВт-ро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 47,5 МВт расидааст, яъне 4,7 баробар зиёд гардидааст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Ғуломносирова, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 28 июни соли равон дар ҷараёни сафари корӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастовардҳои сокинони вилоят шинос гардиданд. Сарвари давлат дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Шуғнону Рушон ва Рошқалъаю шаҳри Хоруғ дар ифтитоҳи даҳҳо коргоҳу корхонаҳо, иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва биноҳои истиқоматии навбунёд иштирок ва бо сокинон суҳбат намуданд.
Ба фаъолият оғоз намудани неругоҳҳои хурду миёна дар заминаи иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, баҳри таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони вилоят такони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Булункул бо иқтидори 565 кВт соат бо насби захираи энергия 360 кВт соат ба истифода дода шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 217 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолта, 16 зеристгоҳи барқӣ, 289 километр хатҳои интиқоли барқи 35-киловолта ва беш аз 560 километр хатҳои нави барқии иқтидорашон хурд сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 МВт-ро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 47,5 МВт расидааст, яъне 4,7 баробар зиёд гардидааст.
Ҷиҳати истифодаи манбаъҳои алтернативӣ дар соли 2024-ум 1,2 миллион кВт соат неруи барқ дар неругоҳи офтобии ҶСК «Помир-Энерҷӣ» (ноҳияи Мурғоб) истеҳсол шудааст.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти номбурда соли 2024-ум оғоз гардида, дар муддати кутоҳ бо насби таҷҳизоти муосир ва пешрафта ба анҷом расонида шуд. Неругоҳи офтобӣ дар Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 2,8 мВт ва бо насби захираи энергия 1,4 мВт соат, дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Рангкул бо иқтидори 450 кВт соат ва батареяи захираи энергия 220 кВт соат, ба истифода дода шуд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ҷашни 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ сохтмони 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ё ин ки 78 дарсади онҳо ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон, дар ҳудуди вилоят бештар аз 80 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, 74 иншооти варзишӣ, 29 биноҳои фарҳангӣ, 246 километр роҳ ва 37 пул бунёд гардидаанд, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои сохтмони иншооти иҷтимоию иқтисодии вилоят 3,4 млрд сомонӣ равона карда шудааст.
Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёду навсозии роҳҳо ва ба ин васила бартараф намудани мушкилоти асосии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Вобаста ба ин, масъалаи афзоиши даромади пулии аҳолии вилоят ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ва тавассути диаграмаи 1 мушоҳида карда метавонем.
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва афзоиши даромади пулии аҳолӣ (бо фоиз)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон изҳори назар намуданд, ки «… дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол то сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст ва дар натиҷа 980 км роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру навсозӣ гардидаанд, дар ин давра барои вилоят 75 техникаву нақлиёти роҳсозӣ ва таҷҳизоти муосир харидорӣ карда шудааст».
Бо дарназардошти он ки масъалаи роҳҳои бехатари нақлиётӣ яке аз мушкилиҳои асосии мардуми ВМКБ дар давраҳои гузашта ба ҳисоб мерафт, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои бартараф намудани он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин равандро имрӯзҳо босуръат идома дода истодааст. Бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба мо муяссар гардид, ки дар душвортарин мавзеъҳо, яъне дар ҷойҳое, ки даҳсолаҳои зиёд бунёди роҳҳоро дар онҳо ғайриимкон медонистанд, роҳҳои замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ бунёд кунем.
Бо ҳамин васила, имкон пайдо гардид, то ки роҳи нақлиёти автомобилгарди ВМКБ-ро бо пойтахти мамлакат, дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем. Тавассути ин роҳҳо, ки аҳаммияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан, бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёд амалӣ гардидаанд, ин раванд, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки ду сол пеш оғоз гардида буд, мутобиқи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда истодааст, ки дар оянда барои дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва мавзеи ҷолиби сайёҳон мубаддал гардонидани ВМКБ мусоидат менамояд.
Дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мунтазам афзуда, соли 2023 ба 215 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1993 3,5 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 160 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 дарсад афзудааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 100 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла танҳо дар ду соли охир 56 корхона таъсис дода шудааст.
Дар соли 2024 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят 2501,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст, инчунин дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 307,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба соли 2023 102,8 миллион сомонӣ ё 50,2 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 980,2 миллион. сомониро ташкил дода, дар 140 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст ва аз заминҳои киштшуда 8337 тонна ғалладонагӣ ва 26824 тонна картошка истеҳсол карда шудааст.
Масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки ин ҷо, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзии ВМКБ тавассути (диаграмаи 2) нишон дода шудааст.
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар маҳсулоти умумии кишоварзии
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2025
(бо фоиз)
Хусусияти фарқкунандаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти умумии кишоварзии вилоят дар қиёс нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар он аст, ки ҳиссаи аҳолии вилоят нисбат ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзалият дорад. Инчунин, корхонаҳои коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, коркарди санг, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавот, бастубанди меваи хушк, истеҳсоли мебел ва хушкашӯиро ба истифода додем. Дар корхонаҳои мазкур, ки барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум саҳми арзанда мегузоранд, беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд.
Ҳамин тавр, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон имкониятҳои ВМКБ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, бунёду таҷдиди иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ ва сохтану ба истифода додани роҳҳои дорои хусусияти маҳаллию байналмилалидошта, аз тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат ва иқдомҳои хирадмандонаю дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳанд.