Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир идома доранд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз иншооти муҳими энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, 6 гидроагрегат иборат мебошад. Охирин агрегати неругоҳ ҳанӯз соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба истифода дода шуда буд. Бо гузашти 68 сол таҷҳизоти асосии неругоҳ фарсуда гардида, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои масъулин, бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 дар неругоҳ корҳои навсозӣ оғоз шуда, давоми беш аз панҷ сол гидроагрегатҳои №4, 5 ва 6 пурра навсозӣ гардиданд. Иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт афзоиш дода шуд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозӣ бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ якчанд таҷҳизоти муҳими неругоҳ, аз ҷумла таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳҳои идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, системаҳои назорату идоракунӣ ва дигар таҷҳизоти асосӣ аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастрас ва иваз карда шуданд.
Ҳамзамон ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид. Он бехатарӣ ва самаранокии интиқоли неруи барқро ба таври назаррас беҳтар мегардонад.
Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» шинос гардида, ҷараёни татбиқи лоиҳаро мусбат арзёбӣ намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






