НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 72 донишҷӯ Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо дипломи аъло хатм намуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024–2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 72 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 19 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар изҳори назар карда шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар иброз намуд, ки ҳоло 369 донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки 2,4 дарсади донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва 35,9 дарсади донишҷӯёнро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон 6 донишҷӯ сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 19 олими ҷавон ва 7 донишҷӯи аълохони донишгоҳ сазовори стипендияи Раиси вилояти Хатлон гардиданд.
Дар донишгоҳ 460 донишҷӯ аз оилаҳои ниёзманд таҳсил мекунанд, ки 18 нафарашон ятими кулл, 391 нафар нимятим ва 51 нафар маъюб мебошанд. Онҳо пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд.
Дар донишгоҳ шумораи умумии донишҷӯён ба 15 ҳазору 281 нафар мерасад. Аз ин шумора 6 ҳазору 748 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 8 ҳазору 534 донишҷӯ бо намуди таҳсили фосилавӣ ва 190 нафар дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид






