НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Тоҷикобод дорандаи корти бонкӣ мебошанд

Июль 29, 2025 19:30

ТОҶИКОБОД, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар ноҳияи Тоҷикобод гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти дигари қарзии ноҳия дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. То имрӯз дар ноҳия 88,1 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсию ҳуқуқӣ ва 65,1 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намудаанд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар нишаст иброз гардид, ки шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо дар ин давра ба 91 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 17 адад зиёд мебошад. Инчунин дар ин замина 917 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, 18 ҳазору 300 нафар сокинони ноҳия дорандаи корти бонкӣ мебошанд, ки 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияро ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 101 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар айни замон дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.

Зимни нишасти матбуотӣ баён гардид, ки бар асари заминларзае, ки 13 апрели соли равон рух дод, дар 12 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Об 33 хона пурра ва 164 хона қисман вайрон шуда, ба 187 оилаи дигар зарари сабук расид. Бо супориши махсуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзила ёриҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрокворию сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор расонида шуда истодааст. Дар баробари ин Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату кумитаҳо 33 хонаи истиқоматиеро, ки пурра вайрон гашта буданд, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мекунанд. Ба 164 хонаи қисман вайроншуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маводи сохтмонӣ пурра дастрас гардида, хонаҳо ба тариқи ҳашар аз нав бунёд карда мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид