НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд

Июль 22, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар ҷумҳурӣ 28 ҳазору 958 иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июл 23 ҳазору 228 иншоот бо таъсиси 47 ҳазору 457 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шудааст. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода.

Аз ин шумораи умумии иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, 1025 иншоот бо таъсиси 2368 ҷойи нави кор мавриди истифода карор дода шуд. Инчунин дар 198 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар вилояти Суғд сохтмони 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, 10 ҳазору 827 иншоот бо таъсиси 24 ҳазору 740 ҷойи нави кор мавриди истифода карор дода шудааст. Дар вилоят сохтмони боз 939 иншоот идома дорад.

«Дар вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни миллӣ сохтмони 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда, 5479 иншоот бо таъсиси 3911 ҷойи нави кор мавриди истифода карор дода шудааст. Дар 872 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд», -гуфт Шарифҷон Ҷумъазода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»