НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо мақсади саноатикунонии шаҳри Норак ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад

Июль 30, 2025 11:12

НОРАК, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саноатикунонии шаҳри Норак ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» солҳои 2025- 2026 аз тарафи соҳибкорони шаҳр марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти металлӣ дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромантаж» васл шуда, коргоҳи истеҳсоли шарбати анор ва бандубасти он, фермаи парандапарварӣ дар хоҷагии деҳқонии «Шаҳриёр», коргоҳи истеҳсоли макарон, коргоҳи истеҳсоли орд, коргоҳи истеҳсоли мебел, коргоҳи истеҳсоли ҷӯроб дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Норак Текстайл» ва корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Чунин иттилоъ доданд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Дар нишаст иброз гардид, ки имрӯзҳо дар шаҳри Норак 23 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Онҳо 47 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 21 номгӯй маҳсулот зиёд аст. Дар ин корхонаҳо 4 ҳазор сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, зиндагии худро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд.

Маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Норак дар шашмоҳаи якуми соли равон ба як миллиарду 116 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 227 миллиону 214 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта ва ба истифода додани 197 иншоот, аз қабили 8 бинои маъмурӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи табобатӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 20 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 147 иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 133 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда сохтмону навсозӣ идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ