НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бӯстон 85 лоиҳа ба маблағи беш аз 214 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад
СУҒД, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти тағйиру иловаҳои воридгардида шумораи умумии лоиҳаҳо дар барнома 85 адад ва маблағи умумии лоиҳаҳо 214 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дода, мавриди амал қарор доранд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Раиси шаҳр хабарнигоронро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шинос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини ҳадафҳои асосии дар марҳилаи аввали татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гузошта «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бӯстон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст, ки давра ба давра амалӣ мешавад.
Тибқи барнома, шуруъ аз соли 2021 то шашмоҳаи якуми соли 2025 дар соҳаи саноат 6 лоиҳа ба маблағи 40,1 миллион сомонӣ, соҳаи маориф- 12 лоиҳа ба маблағи 24,5 миллион сомонӣ, соҳаи тандурустӣ- 19 лоиҳа ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ- 9 лоиҳа ба маблағи 11,8 миллион сомонӣ, барқтаъминкунӣ- 9 лоиҳа ба маблағи 40,5 миллион сомонӣ, нақлиёт ва роҳ- 4 адад ба маблағи 7 миллион сомонӣ, сохтмон- 8 адад ба маблағи 33,9 миллион сомонӣ, соҳибкорӣ- 6 адад ба маблағи 14,8 миллион сомонӣ ва фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 12 лоиҳа ба маблағи 32,7 миллион сомонӣ бояд амалӣ гардад.
Давоми солҳои 2021-2024 ва шашмоҳаи якуми соли 2025 иҷрои 37 лоиҳа ба маблағи 168 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки иҷрои маблағгузории барнома 78,3 фоизро ташкил менамояд.
Фирӯза Нуруллозода иброз дошт, ки дар самти саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳр тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи шаҳр ба 60 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,1 фоиз ё 4 адад зиёд аст.
«Барои сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 223 банд бо фарогирии ободонию бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун ба тасвиб расид. То имрӯз 179 адади он бунёд карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 80,2 фоизро ташкил медиҳад»,- илова намуд раиси шаҳр.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон








СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд






