НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар даври якуми қабул ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор донишҷӯ дохил шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои даври якуми қабули довталабон дар соли 2025 нишон доданд, ки ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 3 ҳазору 235 донишҷӯ дохил шудаанд, ки нисбат ба хатми соли равон 5 маротиба зиёд аст. Чунин иброз намуд ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи якуми соли 2025.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра миқдори барномаҳои таҳсилотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 106 номгӯй расонида шуда, омӯзгорон аз ҳисоби кормандони муваффақи мақомоти идоракунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳию хизматрасонӣ ва амсоли онҳо ҷалб гардид. Ҳамзамон беш аз 65 корманд аз истеҳсолот ба фаъолияти омӯзгорӣ фаро гирифта шуд.
Бо дахли раванди таҳсилот дар донишгоҳ Убайдулло Асрорзода гуфт, ки раванди таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо назардошти эҳтиёҷоти муосири иқтисоди мамлакат пайваста такмил дода шуда, нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ пурра таҷдиди назар карда шуданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи сифати таҳсил ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири омӯзиш беш аз 200 машғулият аз ҷониби гурӯҳи коршиносони соҳавӣ мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ машғулияти намунавии омӯзгорони пуртаҷриба ҳамчун таҷрибаи беҳтарин интихоб гардида, ба омӯзгорони ҷавон барои истифодаи васеъ ва такмили малакаҳои педагогӣ тавсияҳо дода шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд






