НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030) дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ таъсис дода шуд. Марказ имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар заминаи технологияҳои муосир татбиқ карда шуда, донишҷӯён ба захираҳои электронии байналмилалӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки бо мақсади рушди бонизоми зеҳни сунъӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияи муосир ва дар ин замина омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар донишгоҳ дар баробари кафедраҳои амалкунанда кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ таъсис ёфт. Инчунин барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар зинаи бакалавриати таҳсилоти рӯзона 8 ихтисоси нав ба низоми Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ин ихтисосҳо ба соҳаи омӯзгорӣ, тарҷума, таҳсилоти томактабӣ ва рӯзноманигорӣ марбут ҳастанд.
«Қабули довталабон ба ин ихтисосҳо аз соли таҳсили 2025 оғоз ёфта, барои таҳсил дар соҳаҳои серталаб ва забонҳои хориҷӣ имконияти нав фароҳам меояд. Тавре аз маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, талабот ба ин ихтисосҳо қонеъкунанда мебошад»,- иброз дошт ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода.
Дар донишгоҳ инчунин ду ихтисоси нав: «Таҳсилоти ибтидоӣ, забони англисӣ» (омӯзгор) ва «Таҳсилоти томактабӣ, забони англисӣ» (омӯзгор) дар шуъбаи таҳсилоти фосилавии зинаи бакалавриат таъсис ёфта, ба нақшаи қабули соли таҳсили 2025–2026 ворид карда шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд






