НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд

Июль 23, 2025 12:05

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар соли таҳсили 2025-2026 довталабон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз рӯйи 8 ихтисоси нав қабул карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз Ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Роботҳои саноатӣ ва комплексҳои робототехникӣ, дизайни маҳсулоти бофандагӣ, химия (фаъолияти илмию истеҳсолӣ), биотехнология, лоиҳакашии системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот, автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ, дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар сохтмон аз ҷумлаи ихтисосҳои нав мебошанд.

Дар нишаст иброз гардид, ки дар донишгоҳ соли таҳсили 2024–2025 дар раванди гузариш ба таълими рақамӣ ба таври ҷиддӣ оғоз гардид. Дар доираи ин раванд маводи таълимӣ барои фанҳои умумитаълимӣ, умумикасбӣ ва тахассусӣ ба муҳити рақамӣ интиқол дода шуда, дар платформаҳои замонавии таълимии электронӣ ҷойгир карда шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд