НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт корхонаи роботии хишти пухта ба истифода дода мешавад
РАШТ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» дар ноҳияи Рашт корхонаи роботии истеҳсоли хишти пухта ба истифода дода мешавад. Корхона бо тарзи замонавӣ ва бо насби таҷҳизоти роботӣ сохта шуда, ҳаҷми истеҳсолии он зиёд ва сифати истеҳсоли маҳсулоти хишти пухта ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Корхона ҳангоми пурра фаъолият намудан метавонад минтақаи Раштро бо хишти пухта таъмин намояд. Инчунин дар заминаи собиқ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкори маҳалӣ корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширию қаннодӣ ва корхонаи дӯзандагӣ сохта мешаванд, ки дар оянда ба рушди соҳаи саноати ноҳия таъсири хуб мерасонанд.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки бахшида ба Солҳои рушди саноат дар ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина соли 2024 дар ноҳия 6 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1 июли соли 2025 ба 34 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 3 коргоҳу корхона зиёд мебошад.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 25 миллиону 177,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4 миллиону 514,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 307 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 220 иншоот ба истифода дода шуд. Дар иншооти боқимонда сохтмону навсозӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






