НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шоҳмансур 160 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад

Июль 23, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 160 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2024 3 корхона зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Олимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зимни нишаст иброз гардид, ки аз ҷониби корхонаҳои ҳудуди ноҳия 37 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 447,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 126,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 2,6 миллион доллари амрикоӣ нисбатан зиёд маҳсулот содирот гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра рушди соҳаи саноат 131,6 фоизро ташкил медиҳад. Барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолии нав ба фаъолият оғоз менамояд.

Дар ин давра 4200 ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 63 ҷой зиёд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд