НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Гулистон 210 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Июль 23, 2025 09:42

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд сохтмони 280 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 210 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин хусус 21 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 846,4 миллион сомонӣ сармоя, аз ҷумла 831,0 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 15,4 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шуд.

Ба иттилои Илҳом Пӯлотзода, дар маҷмуъ 56,7 км роҳҳо таъмир карда шуданд, ки ба 110,7 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз 512 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 361 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд, ки 71,1 фоизро дар бар мегирад.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад