НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳ 12 устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рисолаи илмӣ дифоъ намуданд

Июль 29, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст, ки бо ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд, натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ва дурнамои он барои солҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.  

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки соли равон нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ иҷро гардид. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, танҳо дар шашмоҳаи  якуми соли 2025 12 устод рисолаи илмӣ дифоъ намуда, 16 нафар соҳиби унвонҳои илмии «профессор» ва «дотсент» шуданд. Дар ин давра омӯзгорони донишгоҳ 35 китоб, 147 мақола дар маҷаллаҳои тахассусӣ ва 24 монография ба нашр расониданд.

Таъкид шуд, ки донишгоҳ дорои 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ, хобгоҳи муосир ва таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Дар раванди таълим зиёда аз 1411 компютер, 226 проектор ва 268 камераи мушоҳидавӣ истифода мешаванд. Шумораи умумии донишҷӯён ба 7071 нафар расида, аз ин шумора 2188 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Июль 29, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?