НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат 13 089 (2024 – 11 860) ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Аз ин шумора 534 (2024 — 419) ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад, ки 4 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 115 ҷиноят ё 27,4 фоиз зиёд аст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаю 107 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024 (3 тоннаю 96 кг 616 грамм) 10 кг 388 грамм зиёд мебошад.
Инчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 155 кг 536 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудаанд, ки нисбат ба шашмоҳаи якумм соли 2024 71 кг 533 грамм ё 85 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 141 (соли 2024 — 13 ҳазору 731) воситаи нашъадор дар намуди ҳаб (таблетка) мусодира гардидааст, ки аз ин шумора 15 ҳазору 824 ҳабро Агентӣ мусодира намудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






