НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд

Июль 30, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар 23 мусобиқаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 26 медал гардиданд.  Аз ҷумла, 13 медали тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Амир Иброҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар донишкада 133 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд. Инҳо 53 чорабинии оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, 4 машғулияти омӯзишӣ ва 76 мусобиқаи варзишӣ мебошанд.

Донишҷӯёни донишкада дар 13 мусобиқаи варзишии кушод ва дохилии  донишкада, 12 чемпионат ва  мусобиқаҳои шаҳри Душанбе, 28 чемпионат ва мусобиқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 чемпионат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 30, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд